Бо талоши ҳаррӯзаи Ҳукумати кишвар, идораву муассисаҳои давлатӣ ва аҳолии шаҳру навоҳӣ ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ғамхориҳо дар мавриди расондани кӯмакҳои аввалиндараҷа, бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ мунтазам ҷараён дорад.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати иҷрои талаботи бандҳои 3 ва 13-и нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2015 №5, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2015 №44/4-25, аз 15 августи соли 2015 №27627(4)25-1, аз 4 сентябри соли 2015 №25-1(398) ва аз 7 сентябри соли 2015 №49/4-25 вобаста ба расонидани кӯмаки моддӣ ба ду оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ки ба Кумита вобаста карда шудаанд, санаи 18 сентябри соли 2015 ба оилаҳои Азизмамадов Фармонбек (иборат аз 5нафар) ва Азизмамадов Шердил (иборат аз 5 нафар) истиқоматкунандагони деҳаи Барсеми ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо иштироки мудири шуъбаи ҳуқуқи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зуурбеков П., мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Гулмамадов А.А., мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хоруғ Холиқназаров О.Д., мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Шуғнон Зеваршоев Б.Н. маводҳои лозимаро тибқи миқдор ва андозаҳои муайяншуда дар асоси санади дахлдор тақдим намуданд.
Аз ҷониби оилаҳои дар боло номбаршуда кӯмаки хайрия бо эҳсосоти зиёд қабул гардида, ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Мухбири «РБ»