9 ноябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба 136 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи Фархор қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд

215
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба 136 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Сурхоби Ҷамоати деҳоти Хутан қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 6 июни соли 2019 бо сабаби боридани борони шиддатнок ва омадани сел дар деҳаи Сурхоб 212 хоҷагӣ зарар дида буд.

Моҳи ноябри соли 2020 бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар канори деҳа, дар ҷойи бехавфу хатар барои хоҷагиҳое, ки хонаҳои истиқоматиашон пурра ва қисман зарар дида буданд, 25 хонаи истиқоматӣ бо тарҳи замонавӣ сохта, ба сокинони аз ин офат зарардида ва ниёзмандон ткҳфа карда шуданд.

АКС: Маркази матбуоти МИҲД-и Фархор




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво