26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба Иди Сада дар ноҳияи Мастчоҳ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд

164
26 январ ба муносибати ҷашни Сада ва бо мақсади фаровон намудани дастархони мардум дар назди Боғи фарҳангию фароғатии «Тоҷикистон»-и шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ярмарка-фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ баргузор гардид. Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Аз ҷониби ҷамоату шаҳракҳои деҳот, соҳибкорон, кишоварзон ва корхонаҳо маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, бодирингу помидор, меваҳои гуногун, тухм, гӯшти гову гӯсфанд ва мурғ, орду равған, ҳасиб ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон ба фурӯш гузошта шуданд.

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешниҳод намудани маводи хӯрокворӣ доир шуда, сокинон метавонанд маҳсулоти зарурии худро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар харидорӣ намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво