20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ашт 250 бех ниҳоли дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд

167
Дар шоҳроҳи Хуҷанд — Ашт бо ибтикори кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 250 бех ниҳоли дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ин тадбир бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зисти маҳал ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд.

Дар маъракаи ниҳолшинонию сабзазоркунӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Д. Холматови ноҳияи мазкур аҳолӣ фаъолона иштирок намуданд.

АКС аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво