29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Шуғнон бунгоҳҳои саломатӣ ва толори варзишӣ сохта мешаванд

175
Давоми соли 2022 дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон дар доираи «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ду бунгоҳи саломатӣ ва толори варзишӣ бунёд карда мешаванд, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба АМИТ «Ховар».

Иқдоми мазкур 26 январ зимни мулоқоти раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода бо масъулини «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ – иқтисодӣ», ки бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон татбиқ мешавад, гирифта шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо нақшаи лоиҳаҳои соли 2022 тавассути лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Шуғнон амалишавандаро баррасӣ намуданд.

Ба минтақаи лоиҳавӣ ҷамоатҳои деҳоти Ванқалъа, Вер, Навобод, Сучон, М.Ширинҷонов, Поршинев ва Ғ.Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон шомил мебошанд.

Мақсади асосии лоиҳаи зикргардида аз мусоидат намудан ҷиҳати иштироки фаъоли аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ баҳри беҳтар гардонидани сифати инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷамоатҳои мақсаднок, васеъ намудани доираи имконият ва сарчашмаҳои воситаҳо барои зиндагии ҷавонон иборат мебошад.

АКС: МИҲД-и н. Шуғнон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво