29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кумитаи рушди сайёҳӣ масъалаи омода намудани мутахассисони соҳаи меҳмондориро баррасӣ намуд

270
Дар Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» доир шуд, мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода бо муассис ва раиси Abraham Business Circle (Шурои сармоягузорони Абраҳам) доктор Рафаэл Нагел баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни ин вохӯрӣ тақвияти ҳамкорӣ бо Шӯрои Abraham Business Circle дар ҷалби сармоя дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, омода намудани мутахассисон дар соҳаи меҳмондорӣ ва сайёҳӣ дар заминаи платформаи омӯзишии маҷозии PhD Studies, ки бо донишгоҳҳои Британияи Кабир ва Аврупо пайваст аст, муҳокима гардид.

Рафаэл Нагел таъкид намуд, ки дар асоси лоиҳаи озмоишӣ ва мувофиқаи дуҷониба омодааст дар заминаи платформаи омӯзишии маҷозии PhD Studies ҷиҳати омода намудани мутахассисони бакалавр ва ё магистри соҳаи меҳмондорӣ ва идоракунии сайёҳӣ мусоидат намояд.

Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар ин самт ҳамкориро ҷоннок намуда, дар кутоҳтарин муҳлат лоиҳаи озмоиширо ҷиҳати омода намудани мутахаасисони соҳаи сайёҳӣ оғоз менамоянд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво