19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

НАҚШИ ТУРИЗМ ДАР ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН: НАТИҶАҲО ВА ДУРНАМО. Суҳбати хабарнигори АМИТ “Ховар” бо муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ

486
Соли 2017 агар ба Тоҷикистон зиёда аз 432000 сайёҳи хориҷӣ омада бошанд, бо эълон гардидани солҳои 2018, 2019-2021 Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин шумора ба маротиб афзуда, соли 2019 ба 1 миллиону 250 ҳазор нафар расид. Дар ин бора муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабибулло АМИРБЕКЗОДА зимни мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ “Ховар” Зебои ЮСУФ ибрози назар намуд.

АМИТ “Ховар”: — Ба ҳама маълум аст, ки имрӯз доир ба аҳамият ва нақши сайёҳӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳарф мезананд. Солҳои охир он ба яке аз соҳаҳои сердаромад ва ҳатто пешбарандаи кишварҳо табдил ёфтааст. Ва Тоҷикистон ҳам албатта, истисно нест?

Ҳабибулло Амирбекзода: – Не, албатта. Соҳаи сайёҳӣ дар кишвари мо низ яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад, бинобар ин ҷиҳати боз ҳам бештар рушд додани он аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бо ин мақсад тайи чанд соли охир Ҳукумати кишварамон иқдомҳое амалӣ намуд, ки дар натиҷаи онҳо ҷиҳати рушди иқтисодиёти миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми давлатии ваколатдори соҳа таъсис дода шуд.

АМИТ “Ховар”: — Бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуданд. Ин ташаббус чӣ натиҷаҳо ба бор овард?

Ҳабибулло Амирбекзода: — Ин ташаббуси наҷиб сабаби он гардид, ки тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ, вазорату идораҳо дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ, сафорату консулгариҳо дар хориҷи кишвар барои тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ тадбир андешанд ва барои ҷалби сайёҳон саҳм гузоранд. Ин буд, ки соли 2017 агар мо ба Тоҷикистон зиёда аз 432000 сайёҳи хориҷӣ қабул карда бошем, пас бо эълони Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин шумора соли 2018 дуввуним маротиба зиёд шуд ва соли 2019 теъдоди сайёҳони хориҷӣ, ки аз кишвари мо дидан карданд, ҳудудан ба 1 миллиону 250 ҳазор нафар расид.

АМИТ “Ховар”: — Мутассифона, охири соли 2019 ҷаҳонро вабои аср- пандемияи COVID-19 фаро гирифт, ки то имрӯз идома дорад ва он, албатта, монеаи ҷиддие дар роҳи рушди иқтисоди тамоми кишварҳо гардид… Мегуфтед, ки ин беморӣ ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон чӣ таъсир расонд?

Ҳабибулло Амирбекзода: — Метавон гуфт, ки ин беморӣ, пеш аз ҳама, ва беш аз ҳама ба соҳаи сайёҳӣ зарба зад. Зеро туризм соҳаи меҳмондорӣ мебошад ва тавре медонед, аз миёнаҳои моҳи марти соли 2020 аллакай сарҳадҳо пурра ба хотири солимии ҷомеа баста шуданд, мо меҳмонҳоро қабул накардем ва шумораи сайёҳон соли 2020 ба таври назаррас коҳиш ёфт. Вале аллакай то моҳи марти соли 2020 мо тахминан 300 ҳазор нафар сайёҳони хориҷиро қабул карда будем ва ин шумора дар давраи пандемия хеле кам гардид. Дар ин давра мо ҷиҳати рушди сайёҳии дохилӣ тадбирҳо андешидем. Дар омади гап, дар давраи пандемия ҳоло ҳатто аксарияти давлатҳои пешрафта дар соҳаи туризм асосан аз сайёҳии дохилӣ даромад ба даст меоранд.

АМИТ “Ховар”: — Дар ин самт чӣ корҳо анҷом дода шуданд?

Ҳабибулло Амирбекзода: — Таъсиси хатсайрҳои дохилии Тоҷикистон, муаррифии имконияти табиии таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба сокинони кишвар, ташкил кардани пресс-турҳо бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, ширкатҳои сайёҳӣ ва ВАО аз қабили тадбирҳое мебошанд, ки мо дар ин самт ба роҳ мондем. Соли 2021 мо сайёҳони дохилиамонро ба хатсайрҳо ба манотиқи Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Зарафшон ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, минтақаи Рашт ва сойири шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷалб намудем. Мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва тамошобоби кишварамон дар натиҷаи пресс-турҳо дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ тарғиб шуданд. Соли сипаришуда 5 ширкати нави сайёҳӣ, аз қабили ҶДММ “Сайри якҷоя”, ҶДММ “Маркази байналмилалии омӯзиши забонҳои хориҷӣ”, ҶДММ “Масъудиён”, ҶСК “Хизматрасонии сайёҳӣ” таъсис ёфта, муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии ҶДММ “Интурист” тамдид карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки барои рушди туризми байналмилалӣ дар мамлакат тибқи ҳадафи “Стратегияи рушди сайёҳии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар амал татбиқ гардида, нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ ба таври муосир ба роҳ монда мешаванд ва имконоту бартарияти кишвар ҳамчун бренди сайёҳии ҷумҳурӣ васеъ тарғибу ташвиқ мегарданд. Дар заминаи ин стратегия нақшаи тадбирҳои соҳавӣ барои солҳои 2022 ба тасвиб расида, боз 2 нақшаи дигар барои давраи то соли 2030 қабул карда хоҳанд шуд.

Кумита дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути барномаҳо, лоиҳаҳои гуногун, бо ҷалби воситаи ахбори оммаи хориҷӣ ҳарчи бештар ва беҳтар муаррифӣ карда шавад. Ба ин мақсад мо бо забонҳои хориҷӣ роликҳои сайёҳӣ таҳия намуда, ба вазорату идораҳои мамлакат, сафорату консулгариҳоямон дар хориҷи кишвар, шабакаҳои телевизионӣ ва дигар ВАО-и дохилию хориҷӣ паҳн намудем. Ин роликҳо чашмаву дарёҳои нозанин, обҳои зулолу шифобахш, кӯҳҳои ҷаззоб, табиати нодир ва нотакрор, анвои хӯрду хӯроки миллии болаззат ва меваю сабзавоти хуштаъм ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистонро тарғибу ташвиқ менамоянд.

Мояи хурсандист, ки новобаста ба пандемияи коронавирус мо мебинем сайёҳони хориҷӣ торафт бештар ба кишвари мо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Ва хурсандии дигар он аст, ки дар ин давра дар доираи омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ мо аллакай тавонистем, ки инфрасохтори зарурии соҳаи сайёҳиро омода кунем ва барои қабули меҳмонон омода бошем. Имрӯз дар дурдасттарин ноҳияи худ Тоҷикистон омода аст меҳмононро қабул кунад.

АМИТ “Ховар”: — Албатта ягон кор бе душворӣ намешавад. Чӣ мушкилоте дар ин роҳ садди роҳатон мешаванд?

Ҳабибулло Амирбекзода: — Яке аз мушкилоти асосӣ камбуди мутаххасисони соҳаи хизматрасонӣ мебошад. Мо кӯшиш карда истодаем, ки барои омӯзиши хизматрасониҳо дар меҳмонхонаҳо, пешхизматҳо дар тарабхонаҳо, роҳбаладҳо барои муаррифии имконият курсҳои кӯтоҳмудат роҳандозӣ намоем. Зеро ҳар сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, бевосита бо хизматрасон рӯ ба рӯ мешавад ва дар шахсияти як нафар хизматрасон ба Тоҷикистон баҳо медиҳад.

Аслан сайёҳоне, ки имрӯз ба Тоҷикистон меоянд, бештар ба табиати зиндаи кишварамон мутаваҷҷеҳ мешаванд, ба мавзеъҳои кӯҳистон, ба Бадахшон ва Зарафшон мераванд. Ба пиряхҳо, қуллаҳои сарбаланд, ба водиҳои сарсабзу хуррами мо, ба меваҳои шаҳдбори Тоҷикистони офторбрӯя таваҷҷуҳи зиёд доранд.

АМИТ “Ховар”: — Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҳамчун воситаи аёнии муаррифии фарҳанг ва тамаддун арзёбӣ мешавад, ин ҷалби сайёҳон аз ҷониби ҳунармандон мебошад, онҳое, ки маҳсули дасташонро сайёҳони хориҷӣ ҳамчун савғотӣ бо худ мебаранд. Оё ин гуна ҳунармандон аз имтиёзҳо бархӯрдоранд?

Ҳабибулло Амирбекзода: — Бале, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барояшон имтиёз дода шудааст: ҳунармандоне, ки дар хона кор мекунанд, аз андоз озод мебошанд.

АМИТ “Ховар”: — Ташаккур барои суҳбат. Дар коратон барору комёбӣ мехоҳем!




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво