26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Роҳҳои Кӯлоб мутобиқ ба меъёрҳои муосир таъмиру навсозӣ мешаванд

207
Роҳҳои Кӯлоб мутобиқ ба меъёрҳои муосир таъмиру навсозӣ мешаванд
Бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, назди бозори Саховат ва марказҳои савдои шаҳри Кӯлоб, ки дар ин ҷойҳо танбашавии нақлиёт ба таври доимӣ ба назар мерасад, таъмиру навсозии роҳ аз кӯчаи Худоёр Назаров то назди пули сойи Тебалай дар кӯчаи Чармгарони поён оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Паҳнои роҳ 7 метрро дар бар гирифта, дар ду шафати он бунёди роҳи пиёдагард, шабакаҳои равшаннамоӣ, хатҳои обгузар ва дигар воситаҳои хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ин қитъаи роҳ мутобиқ ба меъёрҳои муосири роҳсозӣ ва бо риояи қоидаҳои мавҷуда бунёд карда мешавад. Ҳамзамон роҳбарияти шаҳри Кӯлоб масъулини Идораи обу корез, шабакаҳои барқ ва бахши равшаннамоии кӯчаҳоро муваззаф намуд, ки ҷиҳати дар муҳлати муайншуда ва бо сифати баланд иҷро шудани корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Сокинони маҳаллаи Чармгарони поён бо изҳори миннатдорӣ аз ташаббуси созандагии шаҳрдорӣ ваъда доданд, ки баъди навсозию мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингарди кӯча ҳолати тозаву озода нигоҳ доштани онро таъмин менамоянд.

Дар оянда барои боз ҳам беҳтар гардидани ҳаракати бемамониати нақлиёт аз болои сойи Тебалай пули мошингард бунёд гардида, роҳи паҳлӯи сой аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Даминзода таъмир ва самтҳои ҳаракати нақлиёт муайян карда мешавад.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво