29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаҳои экологӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст

189
Дар Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз неруи об истеҳсол гардида, аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар ҷойи шашум қарор дорад. Чунин зикр гардид зимни тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ҷаласае, ки дар Раёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа иброз гардид, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Парлумони мамлакат ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти вазъи экологӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст. Ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, далели ин гуфтаҳост. Инчунин Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ амалӣ шуда истодааст.

Иштирокорони ҷаласа зикр намуданд, ки тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти дигари экологӣ буда, зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтааст. Ҳамчунон дар Паём зикр гардид, ки тақрибан сеяки умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст.

Дар ҷаласа зимни тавзеҳи Паёми Пешвои миллат гуфта шуд, ки дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик тавонистанд дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир бо меҳнати содиқона ва ҳисси баланди миллӣ ватанро ободу зебо ва сарсабзу шукуфон намоянд. Аз ҷумла, дар ин давра дар пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ, ободонӣ, бунёдкорӣ, сабзазоркунӣ рушд ёфта, вазъи экологии пойтахт ба маротиб беҳтар гардид, ки ин дастовардҳо бозгӯи сиёсати муваффақонаи Пешвои миллатамон мебошанд.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки дар доираи амалишавии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия гашта, корҳо дар ин самт тақвият меёбанд.

АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво