20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

IRS: Дар наздиктарин фурсат ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок имконпазир мегардад

175
Тавре иттилоъ додем, субҳи 16 январ бинобар пуршиддат ва зиёд будани тармафароӣ ҳаракати нақлиёт аз тариқи роҳи мошингарди Душанбе-Чанок (минтақаи Варзоб, километрҳои 48 -73) муваққатан қатъ гардид.

Субҳи имрӯз кормандони филиали ширкат бартарафсозии тармаҳо, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди онро бо маводи зиддилағжиш идома дода, кӯшиш доранд дар наздиктарин фурсат ҳаракати нақлиёт имконпазир гардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Боздоштани муваққатии ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ ба таъмини бехатарии ронандагону мусофирон дахл дошта, ин тасмим дар ҳамоҳангӣ бо Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ гирифта шудааст.

Бинобар ин, аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки моҳияти иқдоми мазкурро дарк карда, то бартараф намудани хавфу хатар ва эълони кушодашавии роҳ аз сафар худдорӣ намоянд.

АКС: маркази матбуоти ширкати IRS




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво