24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Спитамену Деваштич бунёди боғҳо оғоз ёфт

177
Дар минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд бо назардошти тавсияҳои олимону коршиносони соҳаи кишоварзӣ бунёди боғҳои анъанавию интенсивӣ оғоз ёфт.

Тавре корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ “Ховар” хабар дод, бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муад»-и шаҳри Истаравшан ба бунёди боғи бодом оғоз бахшида шуд. Ин ҷамъият тасмим дорад, ки боғи бодом ташкил карда, саҳми худро барои таъмини бозор бо бодом гузорад.

Барои ташкили боғ як қисми ниҳолҳои зарурӣ аз Эрон ворид гардида, марҳила ба марҳила давоми сол масоҳати боғи бодом то ба 30 гектар расонида хоҳад шуд. Ҳамзамон ҷамъияти мазкур дар масоҳати 50 гектар парвариши офтобпарастро ба роҳ мемонад, ки таҷрибаи нав дар минтақа мебошад ва дар маҷмӯъ дар шаҳри Истаравшан соли ҷорӣ ташкили 100 гектар боғҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳияҳои Спитамену Деваштич низ бунёди боғҳо оғоз ёфта, давоми сол дар ин ноҳияҳо низ 100-гектарӣ боғҳои нав ташкил карда мешаванд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Уяс»-и Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен ва Хоҷагии деҳқонии «Абдурашидбобо»-и деҳаи Қалъаи Эшони ноҳияи Деваштич ширкат варзида, гуфт, ки бунёди боғҳои нав бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешаванд.

Аъзои Хоҷагии деҳқонии «Уяс» тасмим гирифтаанд, ки 1 гектар боғи кӯҳнаро решакан намуда, ба ҷойи он боғи нави интенсивӣ бунёд намоянд. Саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Абдурашидбобо» соли равон дар 5 гектар боғҳои нав бунёд менамоянд.

Боғпарварӣ яке аз шуғлҳои даромадноки кишоварзони минтақаҳои вилоят буда, соли гузашта дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 774 гектар боғ ва 26 гектар токзори нав бунёд карда шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво