28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Салом, модар! Ман туро дӯст медорам!» — аксияи ҷавонон

1194
«Салом, модар! Ман туро дӯст медорам!» — аксияи ҷавонон«Салом, модар! Ман туро дӯст медорам!» — таҳти чунин унвон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аксияи тарбиявӣ эълон намуд, ки ҳадафи он эҳтиром ва бузургдошти модар, афзун намудани муҳаббати ҷавонону наврасон ба волидайн мебошад, ки яке аз суннатҳои азалии миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
Барои иштирок дар аксияи мазкур, ки муддати як ҳафта идома хоҳад ёфт, сокинони касбу кори гуногун новобаста ба синну сол даъват карда шудаанд.
Масъулон ва волонтёрҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо телефони мобилӣ ва шиорҳои таблиғотӣ дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт гаштугузор намуда, ба сокинон ва меҳмонони пойтахт пешниҳод месозанд, ки ба модари худ занг зада, аз меҳру муҳаббати худ бо ибораи зебои «Ало, салом модар! Ман туро дӯст медорам!» паём расонанд ва хотирашро шод гардонанд.
Вобаста ба ин аксия дар сомонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ маводҳои таблиғотию даъваткунанда низ ҷой дода шудаанд, ки дар яке аз онҳо мехонем:
«Модар қимматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро бо оламу одам ошно месозад. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ ва тобу бардошти ӯ касро ба ҳайрат меорад. Шоир беҳуда нагуфтааст:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид…»
.
Дар маводи дигар омадааст: «Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ одобу ахлоқ, донишу маърифат, сабақи накӯкорию ҷавонмардӣ, одаму одамгарӣ ва ватандӯстию шуҷоат мегирем. Канори модар нахустин мактаби омӯзиши мо ва мактаби бузургест. Ба зери болини кӯдак ниҳодани китоб ё муқаддасоти дигар рамзи худро дорад: модар мехоҳад, ки тифлаш сиҳату саломат ва бенуқс сабзида, айёми пирӣ мададгори ӯ гардад.
Оре, модар мисли Ватан ягона ва беҳамтост, тавре устод Лоиқ Шералӣ фармудааст:
Ту монанди Замин танҳоӣ, Модар,
Ту монанди Замин яктоӣ, Модар!»

Бояд зикр намуд, ки аксияи мазкур, ки бори аввал аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад, қобили дастгирӣ ва пайравист ва доир кардани чунин маърака дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ аз аҳамияти калон бархурдор хоҳад буд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво