24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба тақвияти рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон, занон ва шахсони маъюб доир шуд

224
Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд баргузор гардид, хабар доданд аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ иштирок намуданд.

Аз ҷониби коршиносон муҳтавои таҳлил оид ба арзёбии заминавии рушди фаъолияти соҳибкории занон дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Зимни муаррифӣ вобаста ба заминаҳои фаъолияти соҳибкории занон, саҳми занону духтарон дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеа, муҳимияти фарогирии молиявӣ, дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ, баланд бардоштани малакаи андозсупории занону духтарон, муҳимияти такмили қонунгузорӣ дар самти мазкур ва тавсияҳои мушаххас ибрози назар карда шуд.

Муаррифнома доир ба ҷараёни иҷрои бандҳои нақшаи кории гурӯҳи корӣ дар соли 2021 пешниҳод шуд. Дар муаррифнома маълумоти мушаххас оид ба иҷрои бандҳои нақшаи корӣ, саҳми вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва ассотсиатсияи соҳибкорӣ дар татбиқи чораҳои зарурӣ бо мақсади дастгирии занону духтарон ва ҷавонон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, баргузории якчанд чорабиниҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқи фаъолияти соҳибкории бонувон, дастовардҳо дар самтҳои кишоварзӣ, саноати сабук ва ғайра пешниҳод гардид.



АКС аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво