26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ванҷ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 84 иншоот бунёд гардид

772
То имрӯз ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ванҷ 84 иншоот бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Дар ин бора зимни ҷаласа бо иштироки Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Анвар Иматшозода, раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода ва фаъолони ҷамъиятии сокинони ноҳияи Ванҷ доир ба тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ изҳори назар гардид.

Тазаккур дода шуд, ки Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими мусоидаткунанда ба рушди ҷомеа ва рӯйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди мақомоти давлатӣ ва ҷомеа вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад, ки иҷрои онҳо рушди устувори кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд.

«Паёми Президенти ҷумҳурӣ ҳамчун дастурамал моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят намуда, ҳамзамон ҷиҳати амалӣ намудани корҳои созандагӣ дар ин самт аз мо азму ирода ва ташаббусҳои созанда талаб менамояд. Моро мебояд пайи амалишавии иқдомҳои дурбинона, яъне нуктаҳои асосии Паём пайваста тадбир андешем», — иброз гардид дар ҷаласа.

Пешвои миллат зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ ба Парлумони мамлакат иброз доштанд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Маҳз дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ ва пешрафту ободии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағҳои зиёд равона карда шудаанд.

Дар ин давра дар маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳоти дурдасти он иншооти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ба истифода супорида шуданд, ки барои рушду пешрафти ин ноҳияи дурдасти мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард.

Аз сокинони шарафманди ноҳияи Ванҷ даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри пешрафти минбаъдаи Ватан, таъмини сатҳи шоистаи зисти мардум аз имконияти мавҷуда самаранок истифода карда, дар ободонии кишвар саҳм гузоранд.

Мардуми ин минтақаи дурдасти ҷумҳурӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот иброз доштанд, ки нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ карда, барои тақвият бахшидани рушди инфрасохтори деҳот дар ноҳия, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ мусоидат менамояд, имконияти мавҷударо самаранок истифода карда, бо корҳои созандагию ободонӣ дар шароити маҳал саҳм мегузоранд.

АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво