Дар ноҳияи Вахш сохтмони Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастор ҷараён дорад
733
Дар ноҳияи Вахш сохтмони хобгоҳ барои 480 нафар ва бинои Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастор барои беш аз 400 нафар хонанда ҷараён дорад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
5 январ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом дода, ба масъулин дастур дод, ки иншооти сохташавандаро дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд ба истифода диҳанд. Инчунин зикр намуд, ки то итмоми сохтмони иншоот заминҳои корами атрофашонро сарфакорона истифода бурда, кишт намоянд Тибқи иттилои масъулин, дар шафати ин бинои таълимӣ бунёду сохтмони нуқтаи тиббӣ, ошхона ва ҳуҷра барои вохӯрии волидайну тарбиятгирандагон ба нақша гирифта шудааст. Иншооти мазкур аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии «Эҳёи Сомониён» бо маблағгузории Ташкилоти хайриявии Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бунёд мегардад. Масоҳати ҷойгиршавии бинои таълимӣ аз 3 гектар иборат буда, атрофи бино бо гулу ниҳолҳои ороишӣ зиннат дода мешавад. Ҳамчунин раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони коллеҷи аграрӣ дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки коллеҷи мазкур ба маблағи 48 миллиону 912 ҳазор сомонӣ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Дар деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистони ноҳияи Вахш бинои таълимӣ барои 480 ҷои нишаст дар ду баст бунёд мегардад. Бинои мазкур бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Дар доираи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон шуданд, дар ноҳияи Вахш бо ташаббуси соҳибкорони боҳиммати ватанӣ бунёди корхонаи нассоҷӣ ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ бо суръат идома доранд. Дар ҳолати бунёд ва ба истифода супоридани ин корхона 460 нафар сокинони маҳал бо ҷойи кор таъмин мегарданд, ки ин иқдом на танҳо дар рушди саноату истеҳсоли маҳсулот замина мегузорад, балки ба беҳдошти рӯзгори сокинон низ мусоидат мекунад. Дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар сехҳои истеҳсолии корхона насб карда мешаванд, аз хориҷи кишвар дастрас гардида, имконияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро фароҳам меоранд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |