18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2022

381
Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2022
Муҳтарам меъморону сохтмончиён ва лоиҳакашон, истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмон, собиқадорони соҳа, ҳамкасбони азиз!

Соли 2021-уми мелодӣ, ки яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон, ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон мебошад, сипарӣ мешавад ва Соли нави 2022 – юми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.

Аз номи ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи худам мехоҳам ҳамаи шуморо бо фарорасии Соли нави мелодии 2022, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо ва наздиконатон сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.

Татбиқи амалии ҳадафҳои созандагиву бунёдкоронаи имрӯза самараи истиқлолияти давлатӣ ва натиҷаи тадбиру талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба яке аз гӯшаҳои зебоманзари олам мубаддал гардонидаанд.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд: «Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад». Танҳо соли 2021 дар кишвар дар ҳаҷми 12,2 миллиард сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 20 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин муддат ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, 1,2 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.

Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои соҳа бори дигар таъкид намуданд, ки «Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбута ҳангоми таҳия ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва шаҳраку деҳоти мамлакат банақшагириву бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва дигар иншоотро бо риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таъмин намоянд.

Илова бар ин, ҳангоми лоиҳакашӣ зарур аст, ки пеш аз ҳама, сохтмони мактабҳо, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ ба нақша гирифта, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бунёди ҳатмии биноҳои истиқоматии баландошёна пешбинӣ карда шавад».

Итминони комил дорам, ки кормандони соҳаи сохтмон ва меъмории мамлакат аз уҳдаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бо сарбаландӣ баромада, дар самти боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон саҳми муносиб мегузоранд.

Мо бояд раванди созандагиву бунёдкориро минбаъд низ ҳадафи асосии худ қарор дода, истифодаи самараноки ҳамаи воситаву захираҳои мавҷударо барои идома додани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имкониятҳои воқеии кишварамон таъмин намоем.

Бори дигар ҳамаи шумо - дӯстони азиз, ҳамкасбон, собиқадорони соҳаи сохтмон ва меъмории мамлакатро бо фарорасии Соли нави мелодии 2022 муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, барору комёбиҳо ва дар фаъолияти касбиятон барои шукуфоии Ватани азизамон муваффақиятҳои беназиру дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям.

Соли Наватон муборак бошад, ҳамкасбони гиромӣ!




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво