29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ағбаи Чормағзак ҷиҳати бехатарии техникӣ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст

858
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади сари вақт омода намудани роҳҳои мошингарди истифодаи умум барои фаъолияти мунтазами ҳаракати бехатари нақлиёт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Ваҳдат ба миқдори 2600 метри мукааб қуму намак, 10 тонна ангишт, 10м3 ҳезум, 1 адад генератори барқӣ, 18 ҷуфт либоси зимистона, 18 адад камзӯлчаҳои огоҳикунанда, 2800 литр сӯзишвории дизелӣ, 120 литр равғанҳои молиданӣ захира шудаанд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Ваҳдат хабар доданд.
«Ҳамзамон 5 адад мошини худхоликун, 3 адад автогрейдер, 2 адад боркунаки фронталӣ машғули кор мебошанд. Ҳоло баҳри бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингарди истифодаи умум дар ағбаи Чормағзак ҷиҳати таъмини бехатарии техникӣ навбатдории шабонарӯзи ташкил шудааст. Нуқтаҳои гармшавии коргарон бо сӯзишворӣ таъмин буда, онҳо бо хӯроки гарм ва либосҳои махсуси корӣ таъмин мебошанд»,-хабар дод манбаъ.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво