28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҷамоати деҳоти Ворух иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд

184
Дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо иштироки раиси вилояти Суғд утоқи рентгени рақамӣ ва бинои иловагии Маркази саломатии деҳоти Ворух мавриди истифода қарор дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Утоқи рентгени рақамӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маблағи қариб 2 миллион сомонӣ ҷиҳозонида шуда, барои сокинони ин минтақа имкон фароҳам меоварад, ки дар ҳамин ҷамоат аз ташхис гузаранд.

Бинои иловагии Маркази саломатии деҳоти Ворух бо саҳми соҳибкорон сохта шуда, дорои ҳуҷраи хатна, ҳуҷраи модару кӯдак ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Дар Ҷамоати деҳоти Ворух иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Дар маросими ифтитоҳи иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо табибону сокинон зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолиро яке аз бахшҳои муҳим арзёбӣ карда, зикр намуданд, ки ин соҳа чун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Дар Ҷамоати деҳоти Ворух иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳаҷми маблағгузории соҳа марҳила ба марҳила зиёд гардида, ҳамасола садҳо иншооти замонавии тиббӣ бунёд мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво