25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе барномаҳои фарҳангии солинавӣ дар доираи маҳдуд гузаронида мешаванд

409
28-29 декабр дар Сирки давлатии Тоҷикистон барои кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Афсонаи солинавӣ» намоиши сиркӣ доир шуда, ҳамчунин аз рӯи асари нависандаи машҳур Темур Зулфиқоров барномаи театрии «Бозгашти Хоҷа Насриддин» намоиш дода мешавад. Дар ин бора сардори шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба зикри мавсуф, барномаи мазкур рӯзи аввал ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбон пешкаш гардида, рӯзи дуюм барои кӯдакону наврасони пойтахт ва дӯстдорони санъати сиркӣ намоиш дода мешавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, имсол бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории сироятии COVID–19, эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сирояти COVID-19 дар шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ гузаронида намешавад.

Ҳамчунин дар шаби соли нав паронидани мушак дар маркази шаҳр ва чор ноҳияи пойтахт манъ гардида, тибқи нақша, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар ин ноҳияҳо танҳо дар ҳудуди боғчаҳо барои кӯдакон баргузор мешаванд.

Ба зикри сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, гузоштани арчаи солинавӣ дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ манъ буда, барномаҳои фарҳангии идона танҳо дар доираи дарсҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки соли нави мелодӣ таърихи куҳан дошта, дар қисмати зиёди ҷаҳон онро таҷлил менамоянд. Ин солшуморӣ аз дувоздаҳ моҳ иборат буда, соли 46 то мелод, яъне 2056 сол пеш, императори Рум Юлий Сезар якуми январро рӯзи аввали соли нав эълон намуда буд.

Анъанаи таҷлили соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ибтидо мегирад. Шурӯъ аз солҳои аввали таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ то ҳоло якуми январ ҳамчун оғози соли нави мелодӣ ҷашн гирифта мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво