23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

АНДАР ҶАҲОНӢ ШУДАНИ ФАЛАК. Ва ё ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон фаромиллӣ буда, ба беҳбуди зиндагии на танҳо тоҷикон, балки мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаанд

301
АНДАР ҶАҲОНӢ ШУДАНИ ФАЛАК. Ва ё ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон фаромиллӣ буда, ба беҳбуди зиндагии на танҳо тоҷикон, балки мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаанд
Тавре қаблан хабар додем, дар интиҳои соли таърихии кишвар – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ хушхабари тоза ва фараҳбахше расид: боз як ибтикор ва ташаббуси дурандешона, хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан, ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) пазируфта шуд ва 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид гардид. Дар ин бора президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ Фарҳод РАҲИМӢ андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» чунин баён дошт:

— Дастгирӣ ва пазируфта шудани ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат- ин пеш аз ҳама, шаҳодати он аст, ки имрӯз сухани Сарвари давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шунида мешавад, эътибор дорад ва ҷаҳониён Президенти кишвари моро ҳамчун абармарди дунёи сиёсат дар сатҳи байналмилалӣ эътироф ва пешниҳодҳояшонро, ки барои рушди тамаддуни инсонӣ равона шудаанд, дастгирӣ менамоянд. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллати тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон эълон гардидани соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 — Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2018-2028 — «Даҳсолаи амалиёти об барои рушди устувор» исботи ин гуфтаҳоянд. Яъне ташаббусҳои созандаи Пешвои миллати мо фаромиллӣ буда, ба беҳбуди зиндагию рӯзгори на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаанд.
АНДАР ҶАҲОНӢ ШУДАНИ ФАЛАК. Ва ё ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон фаромиллӣ буда, ба беҳбуди зиндагии на танҳо тоҷикон, балки мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаанд

Фарҳод Раҳимӣ,
Академик, президенти АМИТ

Тавре ки ҳамагон медонем, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, бо мақсади бедор кардани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ Наврӯз ҷашни умумимиллӣ эълон гардид ва аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни умумибашарӣ эътироф карда шуд. Ҳамчунин чорабиниҳои сатҳи ҳукуматӣ бахшида ба таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавии ниёгонамон, аз қабили симпозиумҳои байналмилалии ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1994), 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995; 2015), 675-солагии Хоҷа Камол (1996), 1000-солагии Носири Хусрав (2003), 1025-умин солгарди Абӯалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 110-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (2018), 100-солагии Мирзо Турсунзода (2021), 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ (2020) ва ахиран ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардидани номинаи «Фалак» барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ҳамчунин дар роҳи ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар, куҳанбунёд ва фарҳангӣ иқдомоти ҷиддӣ ва бунёдии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки миллат аз онҳо ифтихор дорад.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки дар мазмуни фарҳанги халқи тоҷик аз қадимтарин давраҳо мусиқӣ ва овозхонӣ ҷойгоҳи махсус доштааст. Ҳанӯз дар матнҳои авестоӣ унсурҳои бадеӣ вобаста ба натиҷаҳои мушоҳидаи инсон ба ҳаводиси табиат – гардиши ҷирмҳои осмонӣ, низоми иваз шудани фаслҳои сол, яъне фалсафаи гардиши фалак инъикос карда шудаанд. Ҳамин аст, ки «гот»-ҳои авестоӣ (яъне сурудҳо) ба мавзӯи мухталифи воқеияти атроф бахшида шуда буданд.

Халқи тоҷик ин намуд мушоҳидаҳоро тавассути образҳои бадеӣ – суруду оҳангҳои мардумӣ ифода мекард. Ду намунаи хеле қадимии рубоисароӣ, ки маҳсули эҷодиёти халқ эътироф гардидаанд, яке рубоии машҳури

«Аз Хуталон омадия,
Ба рӯ табоҳ омадия,
Овор боз омадия,
Хашанг низор омадия»

мебошад, ки онро аллома Б.Ғафуров яке аз қадимтарин ёдгории эҷодиёти халқ дар дунё номидааст (ин рубоӣ ба воқеаи 1300 сол пеш рухдодаи шикасти лашкари арабҳо зери роҳбарии Асад Ибн Абдулло дар Хатлон бахшида шудааст). То ба замони мо омада расидани ин рубоӣ далели он аст, ки дар замири мардуми ҳунардӯсти тоҷик эҳсоси ифодаи ҳаракатҳои озодипарастӣ боқӣ мондааст.

Рубоии дигар ин аст:

«Чархо, фалако, маро ба чарх овардӣ,
Кӯлоб будум, маро ба Балх овардӣ,
Кӯлоб будум, оби ширин мехурдум,
Баргашта маро ба оби талх овардӣ».

Дар рубоии мазкур зиндагӣ, тақдир ва воқеияти замон тавассути образи чархи фалак зикр карда шудааст. Яъне, маълум мегардад, ки дар мазмуни мусиқии мардумии мо чарх задани фалак ҳамчун ифодаи ҷараёни зиндагӣ ҷой доштааст. Дар ин рубоӣ низ эҳсоси муҳаббат ба Ватан (ин ҷо оби ширини Кӯлоб) ва гила аз чархи фалак, ки ба кишвари бегона овардааст, ҷой дорад.

Ҳамин тавр дар эҷодиёти шифоҳии тоҷикон образи фалак, чарх задани ҷирмҳои осмонӣ чун ифодаи бадеии мафҳумҳои мутлақ баён карда шудаанд.

Дар солҳои 50-60-уми асри гузашта олимони тоҷик зиёда аз 50 ҳазор намунаҳои эҷодиёти шифоҳии тоҷиконро ҷамъоварӣ намуданд, ки дар байни онҳо рубоиёти фалаксароӣ низ ҷойи махсусро ишғол намудааст. Дар мазмуни ин рубоиҳо — лирикаи мардумӣ, эҳсосоти муҳаббат ба халқу диёр, шикоят аз рӯзгор, хурсандиҳои наврӯзӣ, ишқи поку ноолуда ва дигар оҳангҳо дучор мегарданд.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки фалаксароӣ – маҳсули эҷодиёти мардум ба шумор меравад ва дар намунаҳои зиёд кулли воқеияти зиндагии халқро ифода намудааст. Дар олами мусиқии суннатӣ, яъне анъанавӣ, ки аз қадим дар байни мардум маъмул гардида буд, фалаксароӣ ҳамчун намуди волои ҳунари ҳирфаӣ тарғиб карда мешуд. Беҳтарин матнҳои рубоиёти халқиро устодони мусиқӣ ба оҳанг дароварда, пешкаши мардум мекарданд. Аз асрҳои 10-11 сар карда, фалаксароӣ дар баробари дигар анвои мусиқии классикӣ – мақомсароӣ ва ғ., рушду нумуъ кардааст. Аз намунаҳои имрӯзаи фалакхониҳои устодона (дар эҷодиёти Гулчеҳра Содиқ, Давлатманди Хол, Одина Ҳошим ва дигарон) бармеояд, ки жанри фалакхонӣ дорои сохтор, услуб ва оҳангҳои хос буда, асари мураккаби бадеиро ташкил кардааст. Аз ҳамин лиҳоз мо фалакхониро мусиқии устодона меномем. Дар рисолаҳои қадимии бахшида ба мусиқӣ (масалан дар «Мақосид-ул-алҳон»-и Абдулқодир Мароғӣ, ки дар Самарқанд зиста буд), маълумоти аҷоиберо доир ба фалакхонӣ дучор омадан мумкин аст. Ӯ менависад, ки асарҳои чаҳорқисма – қавл, ғазал, рубоӣ, фурудошт машҳуртарин намунаҳои мусиқии тоҷикон ба шумор мераванд.

«Фалак» – мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Дар суруди «Фалак» асосан дубайтӣ ва ё рубоие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад.

Фалак жанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод–шогирд» то ба имрӯз расидааст. Фалак аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст. Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бо суруд, яъне рубоӣ иҷро карда мешавад. Ҳар кадоме аз ин бахш ду сабки иҷроӣ дорад: фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ.

Аз рӯи анъана фалакро бо ҳамовозии созҳои мусиқии дуторча (думбра), ғижжак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ, бо ҳамсадоии дафу таблак иҷро мекунанд. Зарбҳои фалакӣ бештар панҷ ҳаштяк (5/8), чор чоряк (4/4), ҳафт ҳаштяк (7/8), шаш ҳаштяк (6/8) ва ду чоряк (2/4) мебошанд. Жанри мусиқии фалак ғайр аз Хатлону Бадахшони Тоҷикистон инчунин дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон низ маъмул аст.

Тавре гуфтем, аз рӯи анъана матни асосии фалакро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалҳои баландмазмунро аз адабиёти классикӣ ва шоирони имрӯзаи тоҷик низ истифода менамоянд.

Албатта, замина, таърихи пайдоиш ва таркиби фалак ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ фалакро ба навъҳои даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ (бадахшонӣ) ва кӯҳистонӣ ҷудо мекунанд.

Фалак жанри озод буда, ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои хоси фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбӣ тақозо менамояд.

Аз ҷониби ЮНЕСКО эътироф карда шудани фалакхонӣ ҳамчун намунаи олии мусиқии суннатии аҳли башар имконият медиҳад, ки минбаъд низ барои ҷаҳониён аз бузургтарин намунаҳои мероси бадеӣ-эстетикии халқамон иттилооти тоза ва муфид бидиҳем.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво