20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Шаби ялдо, Шаби зебо!». Имшабро «инқилоби зимистонии офтобӣ» меноманд

720
«Шаби ялдо, Шаби зебо!». Имшабро «инқилоби зимистонии офтобӣ» меноманд Имрӯз, 21 декабр, соати 19:00 лаҳзаи убури Офтоб аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика буда, рӯзи аз ҳама кӯтоҳу шаби аз ҳама дароз ба вуҷуд меояд, ки инро «инқилоби зимистонии офтобӣ» меноманд. Ин нуктаро директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова ба АМИТ «Ховар» шарҳ дод.

Ин шаб бо номи «Шаби Ялдо» маъруф буда, на танҳо миёни мардуми тоҷик, балки миёни тамоми мардуми ориёинажод маъмул аст. Шаби Ялдо яке аз ҷашнҳои суннатии мардуми ориёист, ки дар гузашта ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва дигар идҳои миллӣ таҷлил мешуд.

Дар Эрон ва Тоҷикистон мардум зимистонро ба ду чилла: калон ва хурд ҷудо мекунанд ва шаби нахустини чиллаи калонро ба Шаби Ялдо баробар медонанд. Аз ин хотир, таъбири «шаби чилла» низ дар гуфтори мардум роиҷ аст.

Ба гуфтаи фарҳангшинос Дилшод Раҳимӣ, «дар байни тоҷикон Ялдоро бо номи шаби чилла мешиносанд ва онро гиромӣ медоштанд. Шахсан аз пирамарди куҳансоле шунида будам, ки мегуфт: дар солҳои пеш дар шаби Чилла одамони босавод шабнишинӣ мекарданд. Дар ин шаб тарбуз хӯрдан бисёр савоб будааст. Тарбуз ва анор рамзи шаби Ялдо мебошанд, зеро ҳар ду дарунсурханд. Мисли ин ки офтоб тулӯъ кунад, сурх мешавад».
«Шаби ялдо, Шаби зебо!». Имшабро «инқилоби зимистонии офтобӣ» меноманд
Ба андешаи фарҳангшиносон, миёни мардуми рус низ шаби Ялдо ба унвони як шаби дарозу ҳиҷрон ном бурда мешавад. Дар ашъори шоирону нависандагони рус низ ин ибора ба чашм мерасад. Дар ашъори Александр Пушкин, Михаил Шолохов аз ҳамин шабҳои дароз ва ҳиҷрон ёд мешавад. Мардуми рус низ синаи торикии ин шаби дарозро бо рӯшноии шамъ ва оташ мешикастанд, то пас аз ин шаби дароз рӯшноӣ бештар шавад.
Шаби Ялдоро шоирону нависандагон дар ашъори худ зиёд таҷассум намудаанд. Абурайҳони Берунӣ шаби ялдоро шаби зоиши Хуршед медонад, ба ин маънӣ, ки пас аз ин шаб, ки дарозтарин шаби сол аст, рӯзҳо оҳиста- оҳиста дароз мешаванд, то даме ки шабу рӯз баробар мешаванд ва Наврӯз фаро мерасад.

Шаби ялдо,

Шаби зебо!…

Муборак, ҳамзаминонам,

Муборак, ҳамнишинонам,

Шаби ялдо,

Шаби зебо!

Дар ин шаб, ки дарозу поку рангин аст,

Нигаҳҳои табассумдор ширин аст,

Дару дарвозаи дилро кушоед,

Наранҷонед азизони дили худро!

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво