21 май 2022, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Синои пойтахт якчанд иншоот ба истифода дода шуд

516
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Синои пойтахт якчанд иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҷумла, дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино Маркази савдову хизматрасонӣ ва утоқҳои корӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муқим-1» ифтитоҳ карда шуданд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
  Дар ноҳияи Синои пойтахт якчанд иншоот ба истифода дода шуд
Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Пажуҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашии «Пирамида» таҳия шудааст. Иншооти мазкур аз 11 ошёна иборат буда, сохтмони он моҳи январи соли 2020 оғоз гардида буд. Масоҳати умумии бино 5700 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Бо назардошти баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои муосир ба аҳолӣ ва қонеъ намудани талаботи истеъмолкунандагон дар ду ошёнаи аввал маркази савдову хизматрасонӣ бунёд гардида, 9 ошёнаи дигари бинои навсохт дорои утоқҳои корӣ мебошад, ки барои фаъолияти самту соҳаҳои гуногун шароити мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонону наврасон ба тамрини бадан дар ошёнаи сеюми бино толори замонавии варзишӣ сохта шудааст. Давоми пешбурди корҳои сохтмонӣ дар ин бинои замонавии баландошёна аз 50 то 60 нафар ба кор ҷалб гардида буданд. Дар маҷмӯъ дар иншооти мазкур барои 38 ширкат утоқҳои кории муосир муҳайё гардидаанд, ки дар онҳо метавонанд зиёда аз 500 нафар бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гарданд.

Инчунин дар кӯчаи Нусратулло Махсум 15-и ноҳияи Сино низ бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ин бинои хуштарҳ ва замонавӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон Палас» сохта шуда, дар ошёнаи аввали бино бунёди маркази замонавии савдо дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон дар ошёнаи аввали ин бино маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст, ки кӯдакону наврасон ба омӯхтани забонҳои гуногун машғул мебошанд. Бино дар маҷмуъ дорои 122 ҳуҷра буда, хонаҳои 1 ва 2- ҳуҷрагиро дар бар мегирад. Он дар асоси талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бо риояи қоидаҳои ҳатмии сохтмон бунёд шудааст.
  Дар ноҳияи Синои пойтахт якчанд иншоот ба истифода дода шуд
Ҳамчунин дар шаҳраки 102-и ноҳия низ бинои истиқоматии иборат аз 10 ошёна мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуда, дар ин рӯз дар кӯчаи Королёви ноҳияи Сино бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби шаҳрванд Идигул Бобохонова бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Бинои мазкур дар масоҳати беш аз 350 метри мураббаъ сохта шуда, хонаҳои аз 1 то 3-ҳуҷрагиро дар бар мегирад. Ҳуҷраҳои бино бо шароити зарурӣ ва таъмири хуб мавриди истифодаи сокинони он қарор дода шудаанд. Дар атрофи бино майдончаи бозии кӯдакона бо ҷойгирнамоии ашёҳои зарурии дилхушӣ бунёд карда шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво