19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

МИЁНИ 17 НАФАР ОЛИМОНИ МАЪРУФИ ҶАҲОН. Президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ узви ҳақиқии Академияи миллии илмҳои Беларус интихоб шуд

320
Дирӯз, 17 декабр, муҳаққиқони маъруфи ҷаҳон ба ҳайати Академияи миллии илмҳои Беларус (АМИБ) интихоб шуданд. Дар байни онҳо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), академик Фарҳод Раҳимӣ низ мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии давлатии Беларус «БелТА».

Бино ба иттилои «БелТА», қарор дар ин бора дар натиҷаи овоздиҳии кушода дар ҷаласаи маҷлиси умумии маркази миллии илмӣ, ки дар он тақрибан 300 нафар намояндагони илмҳои академӣ ва соҳавӣ, мансабдорони баландпоя, намояндагони сохторҳои давлатӣ ширкат мекунанд, қабул карда шуд.

Дар миёни аъзои хориҷӣ президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ, академики Академияи илмҳои Русия (АИР) Сергей Глазйев, ноиби президенти АИР Ирина Донник ва узви вобастаи АИР Михаил Ковалчук ба ҳайати АМИБ интихоб шуданд. Миёни аъзои нави АМИБ олими британиягӣ Абердей Данди, президенти Федератсияи ҷаҳонии BioDiscovery Николай Желев ва президенти Академияи миллии илмҳои Қазоқистон Мурат Журинов мебошанд. Дар байни олимони хориҷӣ раиси автономияи федералии миллӣ-фарҳангии белорусҳои Русия, академики Академияи маорифи Русия Сергей Кандибович низ шомил аст.

Инчунин дар рӯйхати олимони интихобшуда ба ҳайси аъзои ҳақиқии АМИБ академик-котиби Шӯъбаи нанотехнология ва технологияҳои иттилоотии АИР, директори генералии ҶС «НИИМЭ», раиси Шӯрои директорони ҶСҶ «Микрон» Геннадий Красников, президенти Ассотсиатсияи биотехнологии Аврупоӣ (Туркия) Мунис Дундар, аъзои Президиуми АМИ Украина Антон Наумоветс, раиси бахши сибирии АИР — ноиби президенти АИР Валентин Пармон ва ноиби президенти АИР Владимир Чехонин мебошанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво