26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Конгресси шашуми КАФА баргузор гардид

105
16 декабр дар шаҳри Душанбе Конгресси шашуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Кори Конгресс бо суханронии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз ёфт. Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки «соли 2021 барои ташкилот соли назаррас буд, зеро бо пушти сар гузоштани мушкилоти пандемия тавонистем мусобиқаҳо баргузор намуда, тавонмандии футболи Осиёи Марказиро барқарор созем».

Дар ҷаласа намояндагони ассотсиатсия, федератсия ва иттиҳодияҳои футболи кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон иштирок ва намояндагони Туркманистон ба таври онлайн ҳузур доштанд.

Инчунин дар кори конгресс Меҳдии Тоҷ — ноиб-президенти Конфедератсияи футболи Осиё низ ба намояндагӣ аз ин ташкилот иштирок дошт. Дар ҷараёни он котиби генералии ин ташкилот Улуғбек Каримов дар хусуси мусобиқаҳои баргузоршуда дар соли ҳисоботӣ гузориш дода, иброз намуд, ки бо вуҷуди мушкилоти пандемия КАФА тавонист мусобиқаҳоро миёни наврасон, ҷавонон ва бонувон бомуваффақият баргузор намояд.



Дар идома яке аз мавзӯъҳои асосии конгресс — тасдиқи буҷаи молии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифта, тариқи овоздиҳии умумӣ қабул гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво