24 январ 2022, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Парчамат бодо парафшон - Тоҷикистон

4097
Парчамат бодо парафшон - Тоҷикистон

Ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон 24-уми ноябр бо иштироки васеи кормандони Кумита дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи идона доир гардид.
Зӯҳро Окимбекова - муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон нишастагонро бо ин санаи муқаддас - Рӯзи Парчами давлатӣ таҳният намуда, дар бораи моҳият ва истиқболи он ҳарф зад. З.Окимбекова иброз дошт, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, зеро он дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳувияту худшиносии миллӣ нақши бориз дорад.
Парчами давлатӣ ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад, ки ин фахри ҳар як сокини ҷумҳуриамон мебошад.
Ш.Нурализода-сардори шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии Кумита ба таърихи таҷлили Рузи парчами давлатии Тоҷикистон равшанӣ андохт. Ў гуфт:
-Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчам муаррифӣ мегардад. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузаштаи худ ва ғамхорӣ ба фардо буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ маҳсуб меёбад. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегардад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад.
Парчамат бодо парафшон - Тоҷикистон
Парчами давлатии мо инъикоскунандаи расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерую қуввати созандагӣ мебахшад.
Дар гузашта ва то кунун дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар халқу миллат, пайроҳаи таърихии тайкардаи он ва аломатҳои истиқлолияти давлатӣ инъикос ёфтаанд.

- Парчами рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳноии он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳноии яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда, дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудаанд, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0-и паҳноии рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгуша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳноии рахи сафед ҷой гирифтаанд.
-Ҳар як ранги Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънии худро дорад.
Ранги сурх рамзи мубориза, ҷоннисории халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият аст.
Ранги сафед, ин нишонаи бахт, умеду орзу мебошад.
Ранги сабз нишонаи сарсабзӣ, нумуъ ва сарбаландӣ, некию хуррамӣ аст. Тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос ёфтаанд.
Дар фарҷоми ҷаласа кормандони Кумита дар фазои идона ҳамдигарро муборакбод намуда, шукрона аз сулҳу ваҳдати Тоҷикистони соҳибистиқлол мекарданд.
мухбири "РБ"




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво