29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар «Бозори Корвон»-и шаҳри Душанбе таваққуфгоҳи замонавӣ ифтитоҳ ёфт

154
Дар кӯчаи Шамсӣ 10-и пойтахт таваққуфгоҳи замонавӣ ва муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Борзори Корвон» ифтитоҳ карда шуд. Таваққуфгоҳ дар асоси талаботи муосири шаҳрсозӣ дар муддати 1 сол бунёд карда шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Он дар масоҳати бештар аз 14 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, дар як вақт зиёда аз 448 адад воситаҳои нақлиёт имкони таваққуф дар онро доро мебошанд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Дар маросими ифтитоҳи таваққуфгоҳ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода иштирок намуданд.

Таваққуфгоҳи мазкур бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, дар ошёнаи болоии бинои таваққуфгоҳ маркази назорати мушоҳидавӣ ҷойгир карда шудааст. Дар ин марказ бо истифода аз 12 монитор ва 171 камераҳои мушоҳидавӣ масъулин тартиботи бозорро назорат менамоянд. Дар асоси иттилоъ, тамоми таҷҳизоти техникии насбгардида аз ширкати маъруфи Хиквижн буда, атрофи бозорро дар масоҳати бештар аз 2 ҳазор метри мураббаъ назорат менамоянд. Дар ин марказ ҳамчунин системаи огоҳикунандаи зиддисӯхторӣ насб карда шуда, дар ҳолати бонги хатар аз ин ҷо муайян карда мешавад, ки ҳодиса дар кадом даромадгоҳ ва ё кадом қатори бозор рух додааст.

Бояд тазаккур дод, ки сохтмони ҳудуди бозори Корвон дар асоси талаботи шаҳрдорӣ ва меъморӣ идома дорад. Дар ҷараёни шиносоӣ намояндагон аз қисмати шимолии бозор, ки даромадгоҳҳои 10, 11, 12, 13, 14 ва 15-ро дар бар мегирад, боздид намуданд. Ин қисмати бозор аллакай пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуда, соҳибкорону соҳибмулкон ба тиҷорат машғул мебошанд. Ин қисмати бозор дар масоҳати бештар аз 33 ҳазору 135 метри мураббаъ бунёд карда шуда, аз 2 ошёна ва таҳхона иборат аст.

Даромадгоҳҳои бозор дар асоси лоиҳа бо санъати баланди меъморию гаҷкории миллӣ ороиш дода шудаанд. Дар ин қисмат низ маркази назорати мушоҳидавӣ ҷойгир карда шудааст, ки дар он 24 монитор бо 366 адад камераҳои мушоҳидавӣ пайваст карда шуда, аз ҷониби масуълин ҳудуди бозор зери назорати шабонарӯзӣ қарор дорад. Корҳои сохтмонӣ ва навсозии бозор дар ин қисмат, яъне даромадгоҳҳои 10, 11, 12, 13, 14 ва 15 моҳи апрели соли 2020 оғоз гардида буданд ва корҳои сохтмонӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуда, мавриди истифодаи сокинон қарор гирифт. Ҳамзамон бо ин биноҳои хизматрасонии даромадгоҳҳои 1 ва 24-и бозор низ аллакай бунёд карда шудаанд. Айни замон дар қисмати даромадгоҳҳои 8 ва 9 корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Маркази савдои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Борзори Корвон» дар масоҳати бештар аз 107 ҳазор метри мураббаъ дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе навсозӣ мегардад, ки пас аз анҷоми корҳои пурраи сохтмонӣ зиёда аз 6 ҳазор нафар соҳибкорон ва соҳибмулкон бо шароити муосири тиҷорат таъмин карда мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво