20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҳаллаи навбунёди Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Кӯлоб бо инфрасохтори зарурӣ таъмин мешавад

617
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорон қисмати зиёди роҳҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб пурра навсозӣ карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб беш аз 223 км, аз ҷумла 18 км роҳи байналмилалӣ, 26,1 км роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва қариб 180 км роҳи дорои аҳамияти маҳаллиро ташкил медиҳад.

Дар идомаи чунин корҳои созандагӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими вазъи инфрасохтори деҳот барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи навбунёди ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Кӯлоб навсозии роҳи маҳаллӣ оғоз гардид.

Дар асоси муроҷиати сокинон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ин маҳали навбунёди шаҳр дар баробари роҳ мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ низ бартараф карда шуд. Маҳаллаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дар қисмати болоии шаҳри Кӯлоб дар мавзеи кӯҳдоман ҷойгир аст. Ба ин хотир роҳи қаблӣ бо гузаронидани корҳои заминӣ аз нав ҳамвор ва барои бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт паҳноии он васеъ ва дар баъзе қисматҳо сатҳи роҳ ба маротиб паст карда мешавад. Дар ин маҳаллаи навбунёд айни замон бо сабаби мушкилоти роҳ ва норасоии об беш аз 50 оила ба сар мебаранд.

Баъди сохтани роҳ ин маҳалла низ обод ва барои сокинон шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда мешавад. Тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ гаштани барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр бояд марҳила ба марҳила дар чунин маҳаллаҳои навбунёд инфрасохтори зарурӣ таъмин ва ҳар гӯшаи шаҳр ободу зебо карда шавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво