24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Доир ба мавзӯи ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид

228
2 декабр дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ДДЗТ) ба номи Сотим Улуғзода дар мавзӯи «Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотии ДДЗТ.

Дар ҳамоиш намояндаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон Саидислом Акрамзода, муаллифи барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон»-и Телевизиони «Тоҷикистон», рӯзноманигор Фатҳиддин Замон ва кормандону донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.

Саидислом Акрамзода вобаста ба мавзӯи ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа зикр кард, ки «шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанбаҳои мусбату манфӣ дошта, ба тафаккури ҷавонон таъсир мерасонанд. Моро зарур аст, то муқобили ҳама гуна маводи беасосу ғаразноки душманони миллат муборизаи иттилоотӣ бурда, ба ин восита миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро ҳимоя намоем».

Рӯзноманигор Фатҳиддини Замон изҳор дошт, ки солҳои охир гурӯҳҳои террористию экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ифротияшонро тарғибу ташвиқ намуда, ҷавононро ба ин восита ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб мекунанд.

«Ҷавонони моро зарур аст, то ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушддиҳандаи ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву худшиносӣ самаранок истифода баранд», — гуфт рӯзноманигор.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Асадулло Наҷмиддиниён дар мавзӯи «Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккури ҷавонон», мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ, дотсент Диловар Маҷидов дар мавзӯи «Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ» ва мудири шуъбаи таҳлилӣ – иттилоотии ДДЗТ Доро Суҳробӣ дар мавзӯи «Фарҳанги истифодаи сомонаҳои интернетӣ аз ҷониби ҷавонон» маърӯза намуданд.

АКСҲО: ДДЗТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво