29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» пурра татбиқ гардид

187
Дар вилояти Суғд лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» пурра амалӣ гардида, шароити беҳтари фаъолият муҳайё карда шуд. Ин нуктаро директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» Носир Ғафурзода зимни маросими ҷамъбасти лоиҳаи мазкур иброз намуд, иттилоъ доданд аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».

Иттилоъ дода шуд, ки бо татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур якчанд корҳо амалӣ шуданд. Аз ҷумла, иншооти партовоббардории асосӣ таъмир ва таҷдид гардида, дар ин раванд ҳисобченкунакҳои обии ҳаҷмашон калон ва таҷҳизоти иловагӣ харидорӣ ва насб карда шуданд. Қубурҳои фарсуда иваз гардида, мошин ва механизмҳо барои истифода ва хизматрасонии техникӣ харидорӣ карда шуданд.

Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Рика Ишӣ аз вазъи татбиқи лоиҳа тибқи нақшаи пешбинишуда изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии хешро ҷиҳати мусоидат ба амалинамоии дигар лоиҳаҳои муҳим таъкид дошт.

АКС: хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво