Азим Иброҳим: «Омодагии баъзе соҳаҳо дар вилояти Суғд нигаронкунанда аст»
1498
16 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ оид ба омодагиҳои вилоят ба зимистонгузаронии солҳои 2016-2017 баргузор гардид.
Муовини Сарвазир аз масъулини вилоят, намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, муовинони масъули зимистонгузаронӣ дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал овард. Мутобиқи маълумоти пешниҳодгардида, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии вилоят ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 70% иҷро гардидааст, аммо соҳаҳои тандурустию маориф тавонистанд бо назардошти 1296 тонна бақияи ангишт аз соли қаблӣ ва нисбатан арзон харидорӣ кардан, захираи лозимии 13562 тонна ангишту 8291 м3 ҳезумро таъмин созанд. Илова бар ин, дар соли ҷорӣ зиёда аз 400 муассисаҳои таълимии вилоят ба хатти барқи озод пайваст гардидаанд, ки ин имкон медиҳад захираҳои ангишту ҳезум самараноктар истифода гарданд. Муовини Сарвазир аз сардори Раёсати маорифи вилоят талаб намуд, ки шумораи дақиқи синфхонаҳои бо ангишт гармшавандаро муайян намуда, аз рӯи меъёри 8/кг рӯз, барои як синф талаботи соҳаи маорифи вилоятро дуруст ҳисоб ва пешниҳод намояд, чунки нақшаи талабот шубҳанок менамояд. Новобаста аз ин дастовардҳо муовини Сарвазир ба Вазорати молия супориш дод, ки масъалаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоию низомӣ, чуноне, ки соли гузашта таъкид карда будем, бояд аз аввали семоҳаи сеюм ба роҳ монда шавад, чунки дар қиёс ба солҳои қаблӣ ду соли охир гуё, ки мо асосан бо зимистон рӯ ба рӯ нагардидаем. Тибқи маълумоти пешниҳодгардида нишондиҳандаҳо вобаста ба таъмини қисмҳои ҳарбӣ ва омодагиҳои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоятӣ қаноаткунанда мебошанд. Муовини Сарвазир аз омодагиҳои соҳаи хоҷагии манзилии коммуналӣ, шабакаҳои барқии вилоят, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва кишоварзӣ (захираи хӯроки ширадор), изҳори нигаронӣ кард, чунки маҳз ба ин соҳаҳо масъулияти бештари зимистонгузаронии вилоят вобастагӣ дорад. Инчунин ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориши қатъӣ дода шуд, ки масъалаи бе лоиҳа истихроҷи ангиштро хотима диҳанд, чунки ин омил метавонад оқибатҳои ислоҳнашавандаро ба бор орад. «Мо масъул мебошем, ки ҳаҷми истихроҷи ангишти пешгӯишавандаро дар доираи лоиҳа ва ҳисобу китоби дақиқ нақшабандӣ кунем ва наметавонем нисбати зиёда аз 210 корхонаи саноатии кишвар, ки фаъолияташонро бо ангишт ба роҳ мондааанд, бетафовут бошем», — тазаккур дод муовини Сарвазир. Дар интиҳо муовини Сарвазир ҷиҳати саривақт таъмин намудани иҷрои Нақшаи чорабиниҳои зимистонгузаронӣ ба вазорату идораҳо ва сохторҳои вилоятӣ дастуру супоришҳои дахлдор дод.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |