25 май 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Алексей Оверчук мулоқот намуд

214
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Алексей Оверчук мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҷойдоштаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Русия ва дурнамои онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Таъкид шуд, ки Федератсияи Русия яке аз шарикони асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар доираи сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ҳамасола бо татбиқи барномаву стратегияҳои дуҷониба ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим рушд меёбанд.

Дар вохӯрӣ вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла комплекси энергетикӣ, саноат, нақлиёт, маориф ва илм, иқтисодиёти рақамӣ, бонкдорӣ, гумрук, кишоварзӣ, савдои хориҷӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво