6 октябр 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ташкили марказҳои мустақили гармидиҳӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Б. Ғафуров

1210
Дар доираи омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистон дар муассисаҳои маориф ва тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марказҳои гармидиҳии мустақил ташкил гардиданд. Бино ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар 19 муассисаи таълимӣ барои гармидиҳии 274 синфхона, устохонаҳои таълимӣ, толорҳои варзишӣ ва ошхонаи мактабӣ марказҳои мустақили гармидиҳӣ истифода мешаванд.
Соли равон дар 4 муассисаи таълимӣ ва кӯдакистони рақами 8 марказҳои мустақили гармидиҳӣ фаъол гардиданд.
Дар давраи зимистон 3 бинои таълимии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 тавассути 4 печи гармидиҳии марказонидашуда гармиро таъмин менамояд. Дар ин муассисаи таълимӣ барои кори як маҷмӯи компютер ва проектор бо саҳми хатмкунандагони мактаб 5 панели офтобӣ насб гардидааст, ки як киловатт-соат неруи барқ истеҳсол мекунад. Ин намунаи татбиқи истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия ва истифода аз усули алтернативии бо нури офтоб истеҳсол кардани энергияи барқ мебошад.
Дар соҳаи маорифи ноҳия ангишт ба андозаи меъёри талабот захира шуда, бо 67 адад генератори барқдиҳанда ва хати барқи озод таъмин мебошад.
Дар 81 маркази саломатӣ ва беморхонаҳои минтақавӣ дар ҷамоати деҳот 21 адад генератори барқдиҳанда ва 1 тоннаю 300 литр сӯзишворӣ захира карда шудааст. Ба шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳия аз тариқи маркази гармидиҳии мустақил гармӣ дода мешавад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво