Дар Тоҷикистон 1 млн 25 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд
309
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ 1 млн 25 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба маълумоти Кумита, моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ биноҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 1,25 миллион метри мураббаъ ба истифода дода шуданд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 11 фоиз бештар аст. Тавре аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, айни замон биноҳои баландошёна асосан дар шаҳрҳо ва марказҳои вилоятҳо сохта мешаванд, ки дар онҳо системаи обу корез мавҷуд аст. Зикр карда шуд, ки дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе дар ин муддат 209,3 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон дар аввалҳои соли 2021 теъдоди манзилҳои нав, ки мавриди истифода қарор гирифтаанд, кам шуданд. Масъулин тамоюли қатъи лоиҳаҳои сохтмониро ба пандемия рабт доданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |