25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Душанбе ва Варшава ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратиро баррасӣ карданд

124
Форуми фосилавии соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон 25 ноябр бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон (бо қароргоҳ дар Берлин) дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои Ҷумҳурии Лаҳистон доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховра» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лаҳистон Соҳибназар Ғайратшо ҳузури ширкатҳои лаҳистониро дар раванди расидан ба чорумин ҳадафи стратегии кишвар ва диферсификатсияи тиҷорати Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, ҳарчи зудтар шомил шудани кишварамон ба Низоми аврупоии афзалияти гумрукиро заминаи муҳими афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо арзёбӣ кард.

Соҳибназар Ғайратшо аз доираҳои иқтисодии Лаҳистон даъват намуд, ки аз шароити мусоиди мавҷуда истифода бурда, ба маҳзи рушди Иқтисоди сабз ва ҳифзи муҳити зист дар лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва дигар cарчашмаҳои энергияи таҷдидшаванда сармоягузорӣ кунанд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Палатаи савдо ва саноат Манзура Рустамова, намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои ватанӣ сухан гуфта, иштирокчиёнро бо зарфияти иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузории кишвар шинос намуданд.

Дар кори форум намояндагони зиёда аз 50 ширкати лаҳистонӣ сухан намуданд. Доираҳои иқтисодии ҳарду кишвар ҷиҳати баргузории форуми ҳузурии соҳибкорон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон дар соли 2022 изҳори омодагӣ намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво