14 апрел 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Growtech 2021» дар Туркия иштирок доранд

166
Намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Growtech 2021» дар Туркия иштирок доранд

Дар шаҳри Анталияи Туркия Намоишгоҳи 20-уми байналмилалии гармхонаҳо, таҷҳизоти кишоварзӣ ва чорводорӣ — «Growtech 2021» ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 24 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия Намоишгоҳи 20-уми байналмилалии гармхонаҳо, таҷҳизоти кишоварзӣ ва чорводорӣ «Growtech 2021» расман ифтитоҳ гардид, ки он то 27 ноябр идома меёбад.

Бо даъвати Ассотсиатсияи содиркунандагони Баҳри Миёназамин (BAİB) дар намоишгоҳи мазкур бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Палата бо роҳбарии раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов иштирок доранд.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 600 ширкат аз 40 мамлакат ва даҳҳо ҳазор нафар меҳмонон аз 130 кишвар иштирок менамоянд. Масоҳати намоишгоҳ зиёда аз 50 ҳазор метри мураббаъ буда, дар ҷараёни он дар мавзӯъҳои муҳими соҳаи боғдорӣ ва кишоварзӣ машварату вохӯриҳо гузаронда мешаванд.

Зикр карда шуд, ки аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ иштирок намуда, бо мақсади рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо ширкатҳои хориҷӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор, ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ бо истифода аз технологияи муосир, ба роҳ мондани содироти молу маҳсулот, омӯхтани комёбиҳои навтарини истеҳсолот ва бастани созишномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳо аз Туркия, Озарбойҷон, Бразилия, Нидерландия, Украина ва Эрон вохӯриҳо доир менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии гармхонаҳо, таҷҳизоти кишоварзӣ ва чорводорӣ «Growtech» ҳамасола доир гашта, доираи фаъолияти худро васеъ менамояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво