6 декабр 2021, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Парчам-таҷассумгари муҳаббату садоқат

72
Парчам-таҷассумгари муҳаббату садоқат


Имрӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур шоир, мудири шуъбаи равобити Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо, роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои зертобеъи Кумита иштирок намуданд.
Маҷлиси тантанавӣ бо хондани суруди миллӣ оғоз гардид.
Садри маҷлис – Каримзода А.Р. муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сухани табрикии худ қайд намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳар сол 24 ноябр дар кишвари мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ ва нишонаи асосии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатдории тоҷикон шинохта шудааст, бо талош ва заҳматҳои Президенти маҳбубамон - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ҷашни рӯзи Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

Парчам-таҷассумгари муҳаббату садоқат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин қайд намудаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми кӯҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».
Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Итминони комил дорем, ки ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик, хусусан ҷавонони шуҷои кишвар бо ифтихормандӣ аз Парчами миллии худ, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд.
Абдулло Раҳнамо дар суханронии худ таъкид намуд, ки парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад ва яке аз рукнҳои давлатдорист. Парчам баёнгари хусусият, ифшогари ниёзҳо ва инъикоскунандаи сарватҳои маънавию моддии миллат аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Парчам-таҷассумгари муҳаббату садоқат

рамзи истиқлолияти воқеии Тоҷикистон буда, дар худ тамоми арзишҳои милливу мазҳабиамонро таҷассум намудааст.
Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва дигар гӯшаву канори олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад. Бигузор парчами миллӣ – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, ливои бахту озодӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассумгари муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватан, то абад дар фазои беғубори кишварамон, парафшон бошад, - гуфт дар анҷоми суханронии худ Абдулло Раҳнамо.
Сипас, Сафарзода Абубакр - Директори Муассисаи давлатии "Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ" ва мутахассиси пешбари раёсати корҳои дастгоҳи марказии Кумита Қадамова Шаҳло оид ба таърихи парчам ва рамзу нишонаҳои он суханронӣ карданд.
Парчам-таҷассумгари муҳаббату садоқат

Дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ Каримзода А.Р. аз номи роҳбарияти Кумита, шахсан аз номи Раиси Кумита Маҳмадсаид Зувайдзода ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳозирин ва аҳли хонадонашон саломатӣ, хушбахтӣ, саодати зиндагӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу намуд.

“РБ”







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво