29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Теҳрон роҳандозии сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид

254
Масъалаи роҳандозии сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштараки аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистон ва Эрон 22 ноябр дар Теҳрон зимни мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии ин кишвар Муҳаммад Маҳдӣ Исмоилӣ, баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла ташкили сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштарак бо иштироки аҳли адабу фарҳанги ду кишвар асоси ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Эронро, ки аз умқи таърих сарчашма мегиранд, ташкил медиҳанд», — гуфта мешавад дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, пайвандҳои таърихию меросии қадимиро доро мебошанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво