28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов дар як намоиш ҳунармандони собиқро сарҷамъ намуд

336
19 ноябр дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри «Аҳорун» намоиш театрӣ бо иштироки собиқадорон бахшида ба 50-солагии фаъолияти эҷодии ҳунарпешаи маҳбуб Сабоҳат Қосимова баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Театри мазкур.
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов дар як намоиш ҳунармандони собиқро сарҷамъ намуд
Дар намоиши театрӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён, ҳунармандони собиқадори театри мазкур, аҳли илми фарҳанг ва тамошобинон иштирок намуданд.

Барномаи театрӣ аз се бахш иборат буд ва дар он ҳунармандони собиқадор, ҳунармандони ҳозира ва ҷавонон намоишҳои ҷолиберо пешниҳоди иштирокдорон гардониданд.

Зикр шуд, ки Таетри таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» дар тулии 31 соли фаолияти худ ҳунармандони касбиеро тарбия ва ба камол расонидааст, ки онҳо фарҳангу санъати халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд. Ин театр соли 1990 ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Сабоҳат Қосимова бо ифтихор гуфт, ки дар оғози фаъолияти театр ҳунармандони ҷавон ба кор ҷалб гардида, ин ҷо аз ҳунарпешаҳои варзида дарси маҳорат омӯхтанд, ки бархе аз онҳо имрӯз чеҳраи мондагори театри тоҷик гардидаанд.

Бояд гуфт, ки Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри «Аҳорун» аввал чун студия ба вуҷуд омад, роҳбари бадеии онро ҳунарпеша ва коргардони маъруф Фаррух Қосимов ба уҳда дошт. Аз соли 2010 ин вазифаро завҷаи ӯ — ҳунарпеша Сабоҳат Қосимова ба уҳда дорад.

Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов дар як намоиш ҳунармандони собиқро сарҷамъ намуд

Нахустин намоиши «Аҳорун» — «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон» аз рӯйи ашъори Ҷалолуддини Балхӣ, Шайх Аттор, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1991 таҳия шуд, ки аз ҳар лиҳоз навгонӣ дар театри тоҷик буд. Намоишҳои дигари «Аҳорун» — «Исфандиёр», «Шоҳ Фаридун» (ҳар ду аз рӯйи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 1992, 1997) — «Даҷҷол» (1994) — «Шайх Санъон» (1996) — «Қиссаи ишқ» (2000) «Шоҳ Лир» (2003) — «Зардушт» (2006) — «Раъно» (2007) — «Дило, назди касе биншин …» (2008) дар дигар намоишҳо мебошад, ки то имрӯз дар саҳнаи театри тоҷик ба намоиш гузошта мешаванд.

АКСҲО: Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон Аҳорун




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво