24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Бохтар корҳои сохтмонии толори тобистона, гулгашти «Дуои модар» ва «Оташи абадӣ» ҷараён доранд

362
Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон тибқи лоиҳаи ангоравии бунёди толори тобистона, гулгашти «Дуои модар» ва «Оташи абадӣ» корҳои сохтмонӣ идома дошта, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҷараёни он дидан намуд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Дар Бохтар корҳои сохтмонии толори тобистона, гулгашти «Дуои модар» ва «Оташи абадӣ» ҷараён доранд
Лоиҳаи мазкур дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати ободу зебо гардонидани ҳар гӯшаи диёр ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар маблағгузорӣ мегардад. Иншооти мазкур дар ҳаҷми 0.60 гектар доман паҳн намуда, дар он гулгашти «Дуои модар» ва «Оташи абадӣ» сохта мешавад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳри Бохтар ва масъулон ҷиҳати сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, иброз дошт, ки мавзеи мазкур бояд тарзе сохта шавад, ки диққатҷалбкунанда ва барои халқу миллат манфиатбахш бошад.
Сипас раиси вилоят аз заминҳои кишоварзӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар дидан намуда, бо ҷараёни кишт ва парвариши гулҳои гуногунранг шинос шуд.

Дар вилояти Хатлон захираву имконияти зарурӣ баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ зиёд буда, баҳри истифодаи самараноки он бояд аз ҳама имконоти мавҷуда мақсаднок истифода кард. Интихоби дурусти тухмӣ омили фаровонҳосилӣ гардида, ба деҳқонон даромади бештар медиҳад. Аз ин рӯ марди деҳқон ҳангоми кишту кор ва парвариш бояд тамоми нозукиҳои кори кишоварзиро ба инобат гирифта, заминро самаранок истифода намояд.

Ҳамчунин раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ дар шаҳри Бохтар аз сардхона дидан намуд. Айни ҳол дар сардхонаҳои шаҳри Бохтар меваҳои себ ва ангур нигоҳдорӣ гардида, дар назар аст, ки дигар навъҳои маҳсулот низ нигоҳдорӣ шаванд. Тарзи нигоҳдории маҳсулот дар сардхонаҳо бо усули замонавӣ ба роҳ монда шудааст. Раиси вилоят ба соҳибкорон ҷиҳати фарогирии бештари маҳсулот ва захираи кофӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво