29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Турсунзода ду сардхонаи замонавӣ бо ғунҷоиши 1400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода шуданд

112
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода аз ҷониби Хоҷагии деҳқонии «Янгибоғ» сардхонаи нав бо ғунҷоиши 1000 тонна ва дар Хоҷагии деҳқонии «Исҳоқбобо-2008» сардхонаи замонавӣ барои нигоҳдории 400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, иттилоъ дод котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Сардхонаҳои замонавӣ бо мақсади иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон ба шаҳри Турсунзода доир ба зиёд намудани сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ангур дода буданд, бунёд гардиданд.

Дар тантанаи ифтитоҳи иншооти мазкур раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки «сол то сол майдони токзор афзуда, нигоҳдории маҳсулот барои таъмини бозорҳои ватанию хориҷӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Айни замон дар шаҳри Турсунзода барои нигоҳдории 12000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ сардхонаҳо мавҷуд буда, инчунин сохтмони сардхонаҳо барои беш аз 4000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад».

Бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои хушсифати ватанӣ дар давраи зимистон дар сардхонаҳои шаҳри Турсунзода ангур, лимӯ ва хурмо нигоҳдорӣ карда мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво