24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ХУШХАБАР! Номинаҳои 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ва 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022-2023 шомил гардиданд

276
  ХУШХАБАР! Номинаҳои 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ва 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022-2023 шомил гардиданд
11 ноябр зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ва номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон доир ба 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мавриди ёдоварист, ки тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 ноябр дар шаҳри Парижи Фаронса дар Конфронси генералии ЮНЕСКО Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ доир ба муаррифии таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ва пешниҳод оид ба таҷлили 2500-солагии Тахти Сангин суханронӣ намуда буд.

Бояд гуфт, ки Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги тоисломии тоҷикон маҳсуб мешавад.

Ёдгории Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон, дар нуқтаи ҳамроҳшавии обҳои Панҷу Вахш ҷой гирифтааст. Ин ёдгории нодир соли 2009 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд.

Тахти Сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз нигораҳо, ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин маълум аст. Соли 1877 аз ҷониби тоҷирон номгӯи нигораҳои нодир харидорӣ шудааст. Ин намунаҳои нодири ёдгориҳои халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Британия дар шаҳри Лондон нигоҳдорӣ мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво