26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Муъминобод иншооти муҳимми маишӣ ба истифода дода шуд

689
Дар ноҳияи Муъминобод иншооти муҳимми маишӣ ба истифода дода шуд
Дар пайравӣ аз ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷавонмардони ватандӯстӣ деҳаи Ҳанатароши Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд Давлатшо Раҳматов дар деҳаи мазкур иншооти муҳимми маиширо ифтитоҳ намуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод.

Иншоот аз қабили толори варзишӣ, толори сақобозӣ, корхонаи дӯзандагӣ барои таъмини 20 нафар бо ҷои кори доимӣ ва сартарошхона сохта ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон бахшида ба 27-солагии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ деҳаи Яккачинори ноҳияи Муъминобод аз ҷониби оилаи Маҷидзодаҳо маркази саломатӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Мавриди зикр аст, ки оилаи Маҷидзодаҳо дар рушду нумӯи соҳаи варзиши Ватан саҳми арзанда доранд.

Дар ифтитоҳи иншоот раиси ноҳия Лутфия Шарифзода иштирок намуда иброз дошт, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод аз соли 2018 то ин ҷониб 340 иншоот ба истифода дода шуд, ки 102 фоизи Нақша чорабиниҳои ноҳия бахшида ба 30- солагии Истиқлолиятро ташкил медиҳанд ва ин аз он далолат медиҳад, ки сокинони ватандӯсти Муъминобод созанда буданд ва хоҳанд монд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво