Имрӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода А.Р. бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ доктори илмҳои иқтисод, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назирӣ Гулбаҳор, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ иштирок намуданд.
Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 27-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруди миллӣ оғоз гардид.
Каримзода А.Р. дар суханронии худ қайд намуд, ки таҷлили бистуҳафтумин солгарди нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутуни асосии давлат ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан муҳими таърихӣ ва тақдирсоз ба шумор меравад.
Дар ин робита ӯ ҳамаи ҳозиринро дар шахси онҳо тамоми корманди соҳаро ба муносибати ин ҷашни фархундаву муборак, аз номи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Раиси Кумита муҳтарам Муҳаммадсаид Зувайдзода, самимона табрик гуфт.
Каримзода А.Р. ёдовар шуд, ки 6 ноябри соли 1994 бо азму иродаи халқи азизамон ва диди тозаи онҳо ба тамаддуни муосир Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпарвари Тоҷикистон қабул гардида, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.
Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таҳия ва қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир доранд таъкид менамоянд: "Бунёди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро майлу иродаи мардум оид ба сохти давлатдорӣ ташкил медиҳад, ки он ҳама аз истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат сарчашма мегирад".
Аз ин лиҳоз, Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, ва вазъи иҷтимоӣ ба души давлат вогузор намудааст, ки дар маҷмӯъ барои бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, шароити мусоид фароҳам меорад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод, Назирӣ Гулбаҳор ба сухан баромада, қайд намуданд, ки бо дарназадошти ниёзмандиҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ва мутобиқи талаботу пешрафти он солҳои 1999, 2003 ва 2016 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ворид карда шуданд, ки барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат шароити мусоид фароҳам оварданд.
Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.
Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Бигзор, Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи сарбаландамон, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.
Сипас, сардори раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироии дастгоҳи марказии Кумита Исмоилзода Умед ва корманди Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумита Самизода Абдулло ба сухан баромада, дар бораи баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал доданд.
“РБ”