18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барои корхонаҳои партовкашонии Душанбе 460 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ дастрас шуданд

665
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корхонаҳои партовкашонии ноҳияҳои пойтахт 460 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ, аз ҷумла нақлиёти партовкашонӣ харидорӣ намудааст. Дар ин хусус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо харидории беш аз 400 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ фаъолияти корхонаҳои партовкашонӣ дар пойтахт тавсеа ёфта, сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳ ва ҳолати санитарию экологӣ хубтар мегардад.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар самти истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо дар якҷоягӣ бо нозирони шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ нисбат ба 798 нафар шахсони воқеӣ ва мансабдор санади маъмурӣ тартиб додааст.

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе 1707 адад нуқтаҳои партовҷамъкунӣ мавҷуд буда, ҳар рӯз ба Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» ба ҳисоби миёна 650-750 тонна партов бароварда мешавад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво