8 декабр 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли мебелро дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ифтитоҳ намуданд

25
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик Корхонаи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар, таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Фаридун Мухаков сохта шудааст.

Масоҳати умумии иншооти навбунёд 6000 метри мураббаъро ташкил намуда, бинои асосӣ дар масоҳати 1000 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Иншооти мазкур бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷҷаҳаз гардидааст. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дорои сифати баланд буда, дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талабот ба он зиёд аст.

Самти асосии фаъолияти коргоҳи навро истеҳсоли мизу курсӣ барои муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ, ошхона, меҳмонхона ва дигар корхонаҳо ташкил медиҳад.

Коргоҳи истеҳсоли мебел аз толори истеҳсолот, ҳуҷраҳои корӣ, ошхона, маркази хизматрасонӣ, нуқтаи фурӯши мебел, ашёи рӯзгор, мағозаи хӯрокворӣ ва дорухона иборат мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинони маҳаллӣ, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Корхонаи истеҳсоли мебел 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво