19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени «Спитамен», дараҷаи I ба модари сарбози қазоқ Раҷан Батрканов супорида шуд

128
Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени «Спитамен», дараҷаи I ба модари сарбози қазоқ Раҷан Батрканов супорида шуд
20 октябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон маросими супурдани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени «Спитамен», дараҷаи I ба Кизат Батрканова — модари марҳум, сержанти хурди Баталйони алоҳидаи тирандози Қазоқистон Батрканов Раҷан Армиевич, ки 28 сентябри соли 1994 зимни ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон ҳалок шуда буд, баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад.

Дар маросим Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода Хайрулло Ибодзода, аъзои оилаи марҳум Раҷан Батрканов, муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон, генерал-лейтенант Д. Дилманов, намояндагони расмии мақомоти дахлдори Қазоқистон, Ҷамъияти сарбозон-собиқадорони Қазоқистон, инчунин воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода баъд аз ибрози сухани ёдбуд ба хотири сарбози шаҳиди қазоқистонӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021-ро дар хусуси барои далерию фидокорӣ бо ордени «Спитамен», дараҷаи I пас аз марг сарфароз гардонидани сержанти хурд Батрканов Раҷан Армиевич қироат намуда, мукофотро ба модари қаҳрамон супорид.

Хешовандони Раҷан Батрканов ва шахсони воломақоми Ҷумҳурии Қазоқистон зимни суханронӣ дар маросим ба Ҳукумат ва Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадрдонии хизмати сарбози қазоқистонӣ арзи сипос намуданд.



АКСҲО аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво