19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Адиби шинохта Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ даргузашт

169
Донишманд ва адиби номдор, яке аз чеҳраҳои маъруфи тоҷикони Узбекистон Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, дар синни 78-солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд даргузашт. Дар ин бора субҳи имрӯз нависанда Адаш Истад, ки ҳоло дар Самарқанд зиндагӣ мекунад, хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, маросими видоъ бо адиби шинохта пас аз зуҳри имрӯз, 18 октябр соати 2 дар деҳаи Кӯйи сахои Самарқанд доир мешавад.

Ҳаёт Неъмат 31 июли соли 1943 дар деҳаи Қаволаи Самарқанд ба дунё омада, аз донишмандони шинохтаи тоҷик буд, ки дар Узбекистон мезист.

Аз 16-солагӣ ба ду забон (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) шеър мегуфт. Намунаҳои ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Узбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд. 100 ғазали Саъдии Шерозӣ, 120 ғазали Ҷомӣ ва ашъори дигар шоирони дигари ҷаҳонро тарҷума кардааст.

Дар соҳаи драманависӣ ҳам худро санҷидааст: драмаҳои манзуми «Меҳри пирӯз ё зодаи нур» ва дилогияи «Дарди рӯзгори Одам» иборат аз ду намоишнома («Бародаркуш» ва «Фаромӯшӣ») аз он ҷумлаанд.

Ҳаёт Неъмат тӯли беш аз 30 сол тазкираи адибон, шоирон, донишмандони гумноми охири асри XIX ва аввали асри XX-ро фароҳам овардааст ва то вопасин рӯзи ҳаёташ дар таҳқиқи рӯзгору осори шахсиятҳои баруманд ва озодихоҳи тоҷик заҳмат мекашид. Дар соҳаи илми адабиётшиносӣ доир ба эҷодиёти Мавлавии Балхии Румӣ чанд таҳқиқоти илмиро, аз қабили монографияҳои «Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ» (2014) ва «Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ» (2017) ба анҷом расондааст.

Саҳми Ҳаёт Неъмат дар роҳандозии Иттиҳодияи Иҷтимоии фарҳангии «Самарқанд» ва Маркази фарҳангии тоҷикон «Самарқанд» зиёд аст.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ аз соли 1990 узви Шӯрои Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва барандаи мукофоти ба номи Деваштич (2000) буд.

Ҳаёт Неъмат дар чаҳорсолагӣ, дар натиҷаи фалокате, маҷрӯҳ гардида, ҳаштуним сол бистарӣ будааст. То синфи ҳафтум дар мактаби русии бемористон, аз синфи ҳашт дар мактаби миёнаи №16-и Самарқанд таҳсил кардааст. Соли 1982 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро бо дипломи аъло хатм кардааст. Аз моҳи июни соли 1965 то августи соли 1983 дар идораи маорифи халқи ноҳияи Самарқанд ба ҳайси сармуҳосиб, аз моҳи августи соли 1983 то декабри соли 1996 ба ҳайси сармуҳосиби Идораи таълими вилояти Самарқанд адои вазифа намудааст.

Чанд муддат дар Тоҷикистон зистааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво