18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

15 октябр — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо саратони ғадуди ширӣ. 90 фоизи гирифторони ин бемориро занҳои аз 40-сола боло ташкил медиҳанд

246
15 октябр — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо саратони ғадуди ширӣ. 90 фоизи гирифторони ин бемориро занҳои аз 40-сола боло ташкил медиҳанд
15 октябр Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо саратони ғадуди ширӣ эътироф шудааст. Ин рӯз аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 1993 эълон гардида, ҳамасола дар 44 кишвари дунё таҷлил мешавад.

Шумораи гирифторони бемории саратон ҳамасола дар ҷаҳон афзоиш ёфта, дар сохтори бемориҳои онкологии занон саратони ғадуди ширӣ ҷои аввалро ишғол менамояд. Ба гуфтаи мутахассисон, ҳар зани 8 -ум дар тӯли ҳаёташ хатари гирифторӣ ба саратони ғадуди шириро дошта, 90 фоизи гирифторони ин бемориро занҳои аз 40-сола боло ташкил медиҳанд.

Тавре мудири шуъбаи маммологӣ ва ҷароҳиҳои реконструктивию барқарорсозии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргис Ғайратова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, бемории саратони ғадудҳои ширӣ аз ҷумлаи омосҳои бадсифат буда, ба гурӯҳи хатарнок дохил мешавад.

«Илми тиб собит намудааст, ки дар ҳар зани аз 39 то 65-сола эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои ғадудҳои ширӣ вуҷуд дорад. Сабабҳои аслии гирифторӣ ба беморӣ синну сол, тағйирёбии гармонҳо, истеъмоли зиёди маводи синтетикӣ, чарбу, хӯрокҳои серравған ва шириниҳо мебошанд»,- мегӯяд Наргис Ғайратова.
15 октябр — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо саратони ғадуди ширӣ. 90 фоизи гирифторони ин бемориро занҳои аз 40-сола боло ташкил медиҳанд
Ба зикри мавсуф, бемории саратони ғадуди ширӣ бемориест, ки дар марҳилаҳои аввали пайдоиш аз худ дарак намедиҳад. Имрӯзҳо ҷавоншавии беморӣ ба назар мерасад. Ба ин хотир мо таъкид бо таъкид ба занҳо муроҷиат карда, мегӯем, ки ҳар нафар аз худмуоинакунӣ истифода барад. Дар ҳолати мушоҳида шудани сахтӣ, омосҳо ва ё кулӯлаҳои саққомонанд дар ғадуди шир сари вақт ба табибон муроҷиат кунанд. Зеро дар ин вақт метавон бемориро пешгирӣ намуд. Ё ин ки бо муроҷиати саривақтӣ ба табибон дар марҳилаи аввали беморӣ ҷарроҳии узвнигоҳдоранда гузаронда мешаванд, ки бо ин роҳ хунравӣ ва пӯсиши омос пешгирӣ карда мешавад. Дар ҳолати сари вақт табобат нагирифтан хавфи паҳншавии беморӣ зиёд шуда, он реша медавонад ва дурнамои зисти бемор низ кам мегардад. Аз ин рӯ занҳо бояд дар марҳилаҳои аввали беморӣ ба духтурон муроҷиат кунанд. Бо ин роҳ онҳо ҳам саломатии худро ба даст меоранд ва ҳам ба буҷаи оилаашон хисороти зиёд намерасад. Занҳое, ки хатари гирифторӣ ба бемории мазкурро доранд, бояд ба хотири солимии хеш, ҳадди ақал ҳар шаш моҳ аз назорати мутахассисони саратоншинос гузаранд.

Имрӯз ҳолатҳое ҳастанд, ки занҳои 20-сола низ ба чунин беморӣ гирифтор мешаванд.

Ҳоло занҳо ҳабҳои зидди ҳамлро зиёд истифода мебаранд, ки ин низ хатари ба саратони ғадуди ширӣ гирифтор шуданро зиёд мекунад. Пеш аз он ки зан чунин ҳабҳоро истеъмол мекунад, бояд аз муоинаи мутахассиси амрози занона ва саратоншинос гузарад. Дар ҳолати хавфи набудани чунин беморӣ сипас занҳо метавонанд чунин ҳабҳоро истеъмол намоянд. Дар ҳолати доштани гиперплазияи хушсифати ғадуди ширӣ ба занҳо истеъмоли чунин ҳабҳо тавсия дода намешавад, -иброз дошт мудири шуъбаи маммологӣ ва ҷарроҳиҳои реконструктивию барқарорсозӣ.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ тамоми меваю сабзавоти тару тоза фаровон мебошад ва занҳо метавонанд бештар чунин меваҳоро истеъмол намоянд. Бояд гуфт, ки дар таркиби тамоми намуди карам, аз ҷумла карами баҳрӣ моддаи пешгирикунандаи саратон, яъне индол зиёд ба назар мерасад. Истеъмоли он барои пешгирии саратони ғадуди ширӣ нақши калон бозад.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо саратони ғадуди ширӣ 14 октябр дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси онлайнии байналмилалӣ оғоз гардид. Дар конфронси мазкур саратоншиносони тоҷик тариқи онлайн иштирок намуда, доир ба усулҳои муосири бемории саратони ғадуди шир ва паҳншавии он маърӯза мекунанд. Конфронси мазкур имрӯз ҷамъбаст мегардад.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво