21 октябр 2021, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп мулоқот намуд

21
Дирӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Туркия қарор дорад, бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп мулоқот намуда, масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор дод.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Анқара ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷараёни ин мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки «соли оянда мо 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркияро, ки ҳоло дар марҳилаи муҳими таърихӣ қарор доранд, ҷашн мегирем. Тоҷикистон Туркияро шарики боэътимоди худ медонад ва омода аст бо Туркия дар хусуси таҷлили 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ, ки ҳамчун фурсати муносиб барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф аст, ҳамкорӣ кунад».

Дар мулоқот раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода ва Мирзоанвар Ахмедов ва сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Наҷибулло Оқилзода иштирок намуданд.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво