24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Сино бо мақсади тарғиби ҳаёти солим майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

98
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Гипраземи ноҳияи Синои пойтахт майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд. Майдончаи мазкур дар доираи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии рақами 53-и ноҳияи Сино аз ҷониби вакили ин ҳавза дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода ва ташаббуси шаҳрванд Нурзод Шарифзода бунёд гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Зимни кушодашавии майдончаи варзишӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, намояндагони сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ ва шаҳравандони ташаббускор ширкат намуданд.

Дар баробари майдончаи варзишӣ инчунин мавзеъ барои дилхушиву фароғати кӯдакон ва машқу тамрини онҳо низ бо фароҳамоварии шароити зарурӣ бунёд гардидааст. Сокинон бо қаноатмандӣ иброз намуданд, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳиби чунин майдончаи муосири варзишӣ гардиданд. Зеро дар гузашта сокинони маҳалла ба чунин иншоот эҳтиёҷ доштанд.

Аз сокинони биноҳои атрофи майдончаи варзишӣ даъват карда шуд, ки барои истифодаи самаранок ва дар ҳолати хуби коршоямӣ нигоҳ доштани он кӯшиш намоянд. Зеро майдончаи универсалии варзишӣ бояд ба онҳо солҳои зиёд хизмат намояд.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои охир дар ҳамаи шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт чунин иншооти солимгардонӣ сохта шуда, дар онҳо шароити созгор барои машқу тамрини ҷавонону наврасон фароҳам гардидааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво